- чилла
- I[چله]1. муддати чил рӯзи баъд аз таваллуд барои зан ва кӯдаки навзод, чил рӯзи навхонадорон баъди арӯсӣ, ки ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи рӯҳонӣ давраи хатарнок ҳисобида мешавад2. муддати чил рӯзе, ки дарвешон гӯшанишинӣ мекунанд ва ба тоату ибодат машғул мебошанд; муддати чил рӯзе, ки сӯфиён тарки нафсоният менамоянд ва риёзату машаққат ихтиёр мекунанд; чилла нишастан а) чил рӯз гӯшанишин будан ва ибодат кардан; б) гӯшанишин шудан, аз одамон канораҷӯӣ кардан3. чиҳилумин рӯз баъди вафоти шахсе, ки дар ин рӯз барои талаби омурзиши ӯ маросиме барпо кунандII[چله]қисме аз фасли зимистон ва ё тобистон аст, ки чил рӯзи мобайнии онро дар бар мегирад; чиллаи зимистон а) фосилаи чилрӯзаи зимистон, ки айёми сардтарини ин фасл буда, аз 25 декабр оғоз меёбад ва тақрибан то аввали моҳи феврал давом мекунад; б) маҷ. давраи сардиҳои зимистон; чиллаи тобистон а) фосилаи чилрӯзаи тобистон, ки айёми гармтарини ин фасл буда, аз 25 июн то аввали моҳи август давом мекунд; б) маҷ. давраи гармиҳои шадиди тобистон; чиллаи калон ниг. чиллаи зимистон; чиллаи хурд давраи бистрӯзаи хунукиҳои сахттарин, ки ба ду даҳаи аввали моҳи феврал рост меоядIII[چله]боф1. кулӯлаи асосии абрешим, ки аз он торҳо ресида мешаванд, торҳои барои бофтан тайёр шуда дар шоҳибофӣ2. торҳои аз бофт боқимондаи бофандагӣIV[چله]зеҳи камон, ресмони камон; чилла афшондан зеҳи онро ба ҳаракат даровардан ва такон додан; чиллаи камонро кашидан ва раҳо кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.